Май19

80-солагии собиқадори меҳнат Абдураҳмонов Файзулло Абдураҳмоновичро

Категория // Навидҳои КДЗ

Рӯзи 5 майи соли 2015 коллективи меҳнатии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони экспедитсияҳои геологии зерсохтори он 80-солагии яке аз геологҳои варзидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиќадори меҳнат Абдураҳмонов Файзулло Абдураҳмоновичро тантановор ҷашн гирифтанд ва соҳибҷашнро табрику муборакбод намуданд.

 

Абдураҳмонов Файзулло Абдураҳмонович 5 майи соли 1935 дар ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудаст.

         Баъди хатми мактаби миёна, соли 1954 ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ба факултаи табиатшиносӣ (шӯъбаи геологӣ) дохил гашта соли 1959 донишгоҳи номбурдаро аз рӯи касабаи «аксбардории геологӣ ва ҷустуҷӯӣ конҳои канданиҳои фоиданок» хатм менамояд.

         Баъди хатми Донишкада ба Экспедитсияи иктишофи-геологии Конимансури Раёсати геология, ки дар собиќ вилояти Ленинобод, ҳозира вилояти Суғд воќеъ буд ба кор фиристода мешавад. То моҳи декабри соли 1966 дар экспедитсияи номбурда ба ҳайси коллектор, геолог ва геологи калон фаъолият намудааст. Дар таҳияи ҳисоботҳои геологии конҳои Замбарак ва кони Гудак бо ҳисоб намудани захираҳо иштироки бевосита намудааст.

         Моҳи декабри соли 1966 ба Экспедитсияи иктишофи геологии Ҷанубӣ Тоҷикистон ба ҳойси геологи калони Партияи иктишофи геологии Ќупғонтеппагӣ ба таври гузариш ба кор равон карда мешавад, ки ин ҷо дар иктишофи кони Мағов иштироки бевосита варзидааст.

         Аз моҳи апрели соли 1972 то моҳи сентябри соли 1974 ба сафари хизмати дар Ҷумҳурии Авғонистон барои кумакӣ техникӣ ва ҷустуҷӯю иктишофи конҳои флюоритӣ иштирок варзидааст.

         Баъди бозгашт аз моҳи декабри соли 1974 то моҳи майи соли 1976 ба ҳайси геологи калони Партияи иктишофи геологии Ќурғонтеппагии Экспедитсияи иктишофи геологии Ҷанубӣ Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи майи соли 1976 то моҳи декабри соли 1983 дар вазифаи сардори шӯъбаи истеҳсоли-геологии экспедитсияи номбурда фаъолият намудааст.

         Баъдан то соли 1992 дар Экспедитсияи иктишофи геологии Ҷанубӣ Тоҷикистон вазифаҳои гуногунро ишғол намудааст.

         Аз соли 1992 то соли 1994 дар вазифаи саргеологи Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиксаргеология» фаъолият намудаст.

         Аз соли 1994 то соли 1997 дар ҳайси мудири лабораторияи ТНИИМС Саридораи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1997 то январи соли 1998 дар Корпоратсияи «Хуросон» ба ҳайси машваратчӣ оиди геология фаъолият намудааст.

         Аз моҳи феврали соли 1998 то моҳи феврали соли 2005 ба ҳайси саргеологи Экспедитсияи иктишофи геологии Ҷанубӣ Тоҷикистон ва баъдан аз моҳи марти соли 2005 то моҳи ноябри соли 2008 дар вазифаи саргеолог ва геологи пешбари Комбинати маводҳои сохтмони Душанбе фаъолият менамояд.

         Аз моҳи ноябри соли 2008 то моҳи декабри соли 2012 дар вазифаи муовини раиси КДЗ фаъолият намудааст.

         Абдураҳмонов Ф.А. бо чунин мукофотҳо, медал ва орденҳо сарфароз гардонида шудааст:

         - Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон – 1964 сол;

         - Медали ҷашнӣ «Барои меҳнати шуҷоатнок» бахшида ба 100 солагии В.И.Ленин аз номи Президиуми Шӯрои Олии СССР – 1970 сол;

         - Бо нишони «Ѓолиби мусобиќаи социалистӣ» солҳои 1973, 1975 ва 1978 сарфароз гардонида шудааст. Ба китоби фахрии Раёсати геологияи РСС Тоҷикистон дохил карда шудааст;

         - Бо Ордени «Нишони фахри»-и Президиуми Шӯрои Олии СССР соли 1977 сарфароз гардонида шудааст;

         Собиќадори хадамоти геологии Тоҷикистон аз соли 1983, бо нишони фахрии «Аълочии иктишофи ќаъри замин» бо ќарори комиссияи Вазорати геологияи СССР сарфароз гардидааст;

         - Дорандаи Ордени «Корманди шоистаи Тоҷикистон» - соли 1999.

         Хизматҳои Абдураҳмонов Ф.А. дар рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошанд. Он кас тамоми умри худро ба геологияи тоҷик бахшидааст.

Маҳз бо ташаббуси ӯ ва дастгирии собиќ сардори Раёсати геологияи назди Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Кошлаков Г.В. бори нахуст «Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок» (КДЗ) таъсис дода шуд, ки дар он Абдураҳмонов Ф.А. ба ҳайси раиси КДЗ ва Апельсин Г.П. ба ҳайси котиби масъули КДЗ таъин карда шуданд ва дар давоми фаъолияти кориашон баҳри барќарор намудани равиши кори Комиссияи захираҳои канданиҳои фоиданок, гузаронидани санҷишҳо (экспертизаҳо) ва ба тарози давлатӣ ворид намудани захираҳои канданиҳои фоиданоки конҳои барои пешрафти соҳаи хоҷагии халќи Тоҷикистони зарури ҳиссаи босазои худро гузоштаанд.

Бинобар сабабҳои ба ҳамагон маълум (нооромиҳои солҳои 90-ум) ва ниҳоят кам шудани маблағгузорӣ ба соҳаи геология КДЗ-и он ваќта дер давом накард.

Соли 2008 бо ташаббуси собиќ Сардори Саридораи геология Азим Иброҳим КДЗ бори дигар эҳё гардид, ки дар ин раванд низ ҳиссаи назарраси Абдураҳмонов Ф.А. назаррас мебошад. У ба ҳайси муовини раиси КДЗ аз соли 2009 то соли 2012 фаъолият намуда дар баррасии ҳисоботҳои геологии конҳои канданиҳои фоиданоки сохти геологияшон мураккаб фаъолона иштирок намудаст.

Абдураҳмонов Файзулло Абдураҳмонович то имрӯза яке аз экспертҳои ғайриштатии таҷрибадори Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок (КДЗ) фаъолият менамоянд.

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ