• Навидҳои КДЗ
  • Дар санаи 04 сентябри соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.
Июнь11

Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Љумњурии Тољикистон оид ба захирањои канданињои фоиданок гузаронида шуд

Категория // Навидҳои КДЗ

Дар санаи 05 июни соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.

Дар ҷаласа 2 ҳисоботи геологӣ ва 4 мавод оиди азнавҳисобкунии захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок дида баромада шуданд:

  1. Иктишофи қаблии омехтаҳои регу шағали кони Санобод. Кони ОРШ Санобод дар ҳудуди ҷамоати деҳоти М.Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшони ВМКБ, дар соҳили рости дарёи Панҷ вокеъ мебошад. Захираҳои омехтаи регу шағали кон аз рӯи категорияи С1 ба миқдори 30000м3 тасдиқ карда ва ба Тавозуни давлат гузошта шуданд.
  2. Иктишофи қаблии омехтаҳои регу шағали кони Заркамар. Аз ҷиҳати маъмурӣ кони омехтаҳои регу шағали Заркамар ба ҳудуди ноҳияи Турсунзодаи тобеъи маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Кони мазкур дар соҳили чапи дарёи Каратоғ, дар масофаи 47 км дар самти ғарб аз ш. Душанбе ҷойгир мебошад. Захираҳои омехтаи регу шағали кон аз рӯи категорияи С1 ба миқдори 45348м3 тасдиқ карда ва ба Тавозуни давлат гузошта шуданд.
  3. Азнавҳисобкунии захираҳои омехтаҳои регу шағали қитъаи Дарёбоди кони Сардоров Қарахон. Қитъаи Дарёбоди кони Сардоров Қарахон дар ҳудуди деҳаи Дарёбоди ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, дар соҳили чапи дарёи Кофарниҳон дар масофаи 15км самти ҷанубу шарқ аз ш.Душанбе ҷойгир аст. Захираҳои омехтаи регу шағали қитъааз рӯи категорияи С1 ба миқдори 45563м3 тасдиқ карда ва ба Тавозуни давлат гузошта шуданд.
  4. Бозҳисобкунии захираҳои хоки лёссмонанди қитъаи Ганҷи кони Қулписта. Қитъаи Ганҷи кони хоки лёссмонанди Қулписта 9км ба самти шимолу шарқ аз ш. Душанбе, дар ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Варзоб воқеъ аст. Захираҳои хоки лёссмонанди қитъаи Ганҷ ба миқдори 172691,25м3 аз рӯи категорияҳои А+В тасдиқ намуда шуд, ки аз он бо категорияи А – 72150м3 ва бо категорияи В – 100541,25м3 мебошад.
  5. Азнавҳисобкунии захираҳои омехтаҳои регу шағали қитъаи Хӯшаи Умеди кони Пахтакор-2. Аз ҷиҳати маъмурӣ майдони қитъа дар ҳудуди ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакии тобеъи Ҷумҳурӣ, дар масофаи 10 км ба самти ҷанубу ғарб аз ш. Душанбе, дар соҳили рости дарёи Кофарниҳон ҷойгир гардидааст. Захираҳои омехтаи регу шағали қитъаи Хӯшаи Умед аз рӯи категорияи С1 ба миқдори 98455,5м3 тасдиқ ва ба Тавозуни давлат гузошта шуданд.
  6. Азнавҳисобкунии захираҳои омехтаҳои регу шағали қитъаи Обшорони кони Сардоров Қарахон. Аз ҷихати маъмурӣ қитъаи Обшорони кони омехтаи регу шағали Сардоров Қарахон ба деҳаиСабзикори ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияиРӯдакӣ тааллуқдорадвадарсоҳили ростидарёиКофарниҳондар масофаи 14 кмсамти ҷанубу шарқазшаҳриДушанбе ҷойгир аст. Захираҳои омехтаи регу шағали қитъаи Обшорон аз рӯи категорияи С1 ба миқдори 99814м3 тасдиқ ва ба Тавозуни давлат гузошта шуданд.

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ