Март18

Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок баргузор гардид

Категория // Навидҳои КДЗ

18 марти соли 2015 дар Маркази додаҳои улуми Саридораи геология ҷаласаи ҳайати васеи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои  канданиҳои  фоиданок баргузор гардид.

Дар ҷаласа чунин масъалаҳо баррасӣ намуда шуданд:

  1. «Асосноккунии техникӣ-иқтисодии кондитсияҳои саноатӣ ва ҳисоби захираҳои кони сурмаю симоби Ҷиҷикруд», ки аз тарафи мутахассисони  ТОО «GeoMineProject» (ш.Уст-Каменогорск) таҳти роҳбарии директори ТОО «GeoMineProject» Кузнетсов А.С. тартиб дода шудааст.
  2. Ҳисоботи геологии «Иктишофи қаблии қабатҳои жарфии кони Ҷиҷикруд дар солҳои 2007-2012», ки аз тарафи мутахассисони КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён» ва ҶММ ТА КМ «Анзоб» тартиб дода шудааст.
  3. Илова бо ҳисоботи геологӣ «Гирифтани намунаҳои технологӣ аз маъдани қабатҳои жарфии кони Ҷиҷикруд», ки дар ҳамкории байни гуруҳи мутахассисони Саридораи геология, КВ «ЭИГМ» ва ҶММ ТА КМ «Анзоб» тайёр намуда шудааст.

    Ҳамаи маводҳо то баррасӣ дар ҷаласаи ҳайати васеи КДЗ аз экспертизаи давлатӣ аз тарафи экспертҳо ва мутахассисони КДЗ гузаронида шуданд. Барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ 6 эксперт (Ефименко В.Н., Умаров М., Шарипов М., Джумаев М., Бобомуродов О. ва Сафаров С.) ҷалб намуда шуданд.
    Дар натиҷаи муҳокимаи тӯлонӣ аз тарафи аъзоёни КДЗ захираҳои сурмаю симоби Дижикруд бо ба ҳисоб гирифтани баъзе эродҳо дар ҳисоби муаллифӣ тасдиқ намуда шуданд.
    Ҳамин тавр, ба Тавозуни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои маъдании сурмаю симоби кони Дижикруд дар ҳаҷми:  6 992744 тонна маъдан бо категорияи  В+С1  ва  866 033 тонна маъдан бо категорияи С2   дохил карда шуданд, ки дар дохили маъдани номбурда  захираи сурма Sb – 333517 тонна бо категорияи В+С1  ва  32294 тонна бо категорияи С2,  захираи симоб бошад Hg – 8237тонна бо категорияи В+С1  ва  5092 тонна  бо категорияи С2  мавҷуд мебошад.
Инчунин захираи компонентҳои ҳамроҳӣ (тилло, нуқра, таллий, селен, теллур) ба маълумот гирифта ва ба захираҳои ғайритарозӣ гузаронида шуданд. Ба истифодабарандагони қаъри замин тавсия дода шуд, ки компонентҳои ҳамроҳиро ба ҳисоб гиранд ва тадқиқотҳои технологии маъданро барои ба даст овардани дараҷаи баланди гирифтани компонентҳои асосӣ ва ҳамроҳи он давом диҳанд.
Аъзоёни КДЗ пешниҳоди давом додани корҳои иктишофи геологиро бо мақсади афзоиш додани захирахои тарозӣ дастгирӣ намуданд.

 

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ