Янв21

Дар санаи 22 январи соли 2015

Категория // Навидҳои КДЗ

Дар санаи 22 январи соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.

Дар ҷаласа 1 ҳисоботи геологӣ ва 2 мавод оиди азнавҳисобкунии захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок дида баромада шуданд:

  1. Азнавҳисобкунии захираҳо дар қитъаи «Комбинат»-и кони гилҳои Хонобод.
  2. Иктишофи қаблии омехтаҳои регу шағали кони Обшорон-1.
  3. Азнавҳисобкунии захираҳои регу шағали қитъаи «Каёнуш»-и кони Сардоров Ќарахон.

Дар натиҷа захираҳои гили қитъаи «Комбинат»-и кони хоки Хонобод дар ҳаҷми 149904м3 бо категорияи В, омехтаи регу шағали кони Обшорон-1 ба миқдори 75000м3 бо категорияи С1 ва омехтаҳои регу шағали қитъаи Каёнуши кони Сардоров Ќарахон дар ҳаҷми 94953,4м3 бо категорияи В дар ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ