Окт02

Дар санаи 21 августи соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.

Категория // Навидҳои КДЗ

Дар санаи 21 августи соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.

     Дар ҷаласа 1 ҳисоботи геологии “Иктишофи қаблии кони хоки Дарагӣ” дида баромада шуд.

     Кони хоки Дарагӣ аз ҷиҳати маъмурӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон тааллуқ дорад. Кон дар масофаи 12км дар самти шимолу шарқ аз шаҳраки Ёвон, дар соҳили чапи дарёи Ёвон ҷойгир шудааст.

     Захираҳои хоки кон аз рӯи категорияҳои С1 ва С2 дар ҳаҷми 328086м3 тасдиқ ва ба Тавозуни давлат гузошта шуданд, ки аз он бо категорияи С1 – 181764м3 ва бо категорияи С2 – 146322м3 мебошад.

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ