Март03

Дар санаи 18 феврали соли 2015

Категория // Навидҳои КДЗ

Дар санаи 18 феврали соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.
Дар ҷаласа 3 ҳисоботи геологӣ ва 2 мавод оиди азнавҳисобкунии захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок дида баромада шуданд:

  1. Иктишофи қаблии кони хоки Чузӣ.
  2. Иктишофи қаблии омехтаҳои регу шағали кони Дараи Шоҳ.
  3. Иктишофи қаблии омехтаҳои регу шағали кони Фирдавс-1.
  4. Бозҳисобкунии захираҳои хоки лёссмонанди қитъаи Корвони Асри кони Оқули Поён.
  5. Азнавҳисобкунии захираҳои мухталитҳои қитъаи Сарикиштии поёни кони Чорбуз.

Дар натиҷа захираҳои хоки кони Чузӣ ба миқдори 89277,5 м3 аз рӯи категорияи С1, омехтаи регу шағали кони Дараи Шоҳ ба миқдори 25000 м3 аз рӯи категорияи С1, омехтаи регу шағали кони Фирдавс-1 дар ҳаҷми 97093м3 аз рӯи  категорияи С1, мухталитҳои қитъаи Сарикиштии поёни кони Чорбуз ба миқдори 115870м3 аз рӯи  категорияи С1 ва хоки қитъаи Корвони Асри кони Оқули Поён аз рӯи категорияҳои В ва С1 ба миқдори 214550м3 (В–178550м3 ва С1–36000м3) дар ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуда шуданд.

 

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ