Окт02

Дар санаи 04 сентябри соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.

Категория // Навидҳои КДЗ

Дар санаи 04 сентябри соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.

     Дар ҷаласа 2 мавод оиди азнавҳисобкунии захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок дида баромада шуданд:

      1. Азнавҳисобкунии захираҳои қитъаи “Хонободи Шарқӣ”-и кони гилҳои Хонобод. Қитъаи Хонободи Шарқии кони гилҳои Хонобод дар самти шимолу ғарбии ш.Исфара дар масофаи 5,0км, шимолтар аз деҳаи Даҳанакул дар масофаи 1,2км ва шарқтар аз заводи хишти ҶДММ “Хишти Исфара” дар масофаи 5,5км воқеъ мебошад.

Захираҳои гили қитъа аз рӯи категорияи С1 ба миқдори 74135 м3 тасдиқ карда ва ба Тавозуни давлат гузошта шуданд.

      2. Бозҳисобкунии захираҳои бо қувваи ҷамъшудаҳои (таҳшинҳои аллювиалии) обовард пуршуда дар қитъаи Бунёдкори кони омехтаҳои регу шағали Сардоров Қарахон. Қитъаи Бунёдкор дар ҳудуди ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 950м ба самти шимолу шарқ аз пули мошингарди Душанбе-Сомониён, дар соҳили рости дарёи Кофарниҳон воқеъ аст. Захираҳои регу шағали қитъаи Бунёдкор ба миқдори 25625м3 аз рӯи категорияи С1 тасдиқ ва ба Тавозуни давлат гузошта шуданд.

 

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ