Апр13

13 апрели соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Категория // Навидҳои КДЗ

Дар санаи 13 апрели соли 2015 ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок гузаронида шуд.
Дар ҷаласа 3 ҳисоботи геологӣ ва 2 мавод оиди азнавҳисобкунии захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок дида баромада шуданд:

  1. Иктишофи қаблии омехтаҳои регу шағали кони Қаратоғ-    
  2. Иктишофи қаблии омехтаҳои регу шағали кони Кабир.
  3. Иктишофи қаблии кони хоки Ховарон-1.
  4. Азнавҳисобкунии захираҳои оҳаксангҳои қитъаи Зарифи кони Биёбон.
  5. Бозҳисобкунии захираи оҳаксангҳои қисми марказии қитъаи Ғарбии кони Араб.


Дар натиҷа захираҳои хоки кони Ховарон-1 ба миқдори 198515 м3 аз рӯи категорияи С1, омехтаи регу шағали кони Қаратоғ-2 ба миқдори 138921 м3 аз рӯи категорияи С1, омехтаи регу шағали кони Кабир дар ҳаҷми 90000м3 аз рӯи категорияҳои С1 ва С2, оҳаксангҳои қитъаи Ғарбии кони Араб (байни хатҳои буришҳои 7а-7а ва 66-66) ба миқдори 210339м3 аз рӯи  категорияҳои В ва С1 ва оҳаксангҳои қитъаи Зарифи кони Биёбон аз рӯи категорияи С1 ба миқдори 103815 м3 дар ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда ва ба Тавозуни давлатӣ гузошта шуданд.

 

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ