06
Сентябрь
2019

ТАҶЛИЛИ ПУРШУКӮҲ БАХШИДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

     Санаи 5 сентябри соли 2019 дар назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонии шаҳраки Бӯстон – маркази ноҳияи Мастчоҳ чорабинии бошукӯҳ бахшида ба таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти ноҳия, намояндаи Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, инчунин як гурӯҳ меҳмонон аз ноҳияи Бекободи вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии ҳокими ноҳияи мазкур иштирок намуданд.

Чорабинии бошукӯҳи ҷашни Истиқлолро Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҷашни Истиқлолият табрик намуда, аз суханони ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланди тоҷик аст, ки набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Сипас, сухан ба Намояндаи Ҳукумати мамлакат, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия муҳтарам Илҳомҷон Оймуњаммадзода дода шуд. Дар рафти маросим, сардори Саридора ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору сарфарозӣ самимона табрику таҳният намуда, ба онҳо сарбаландӣ ва хонаи ободро таманно намуда, аз ҷаҳду кӯшиш ба корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани Истиќлолияти давлатї таъкид намуданд.

Ҳамчунин, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи сокинони ноҳия, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат қадрдонӣ карда мешаванд.

Сипас, баъд аз қироаи Фармонҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ” ба сокинони ноҳия – Зокиров Дилшод Мансурович, Олимов Устосафар ва Шарифов Юсуф дар вазъияти тантанавӣ бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд.

Дар рафти чорабинӣ ҳокими ноҳияи Бекободи вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуллоев Неъматҷон Озодович ва муовини раиси шаҳри Бекобод Дадабоев Алишер ба сухан баромада, сокинони ноҳияро ба таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, барои боз ҳам равнақу ривоҷи муносибатҳои байни ду мамлакати дӯст бурдбориҳо орзу намуданд.

Хадамоти Матбуотӣ

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ