04
Сентябрь
2019

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 28 – УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯ

   Таърих гувоҳаст, ки давлатдории тоҷикон ҳануз даҳҳо қарн пеш, ки яке аз бузургтарини он ба давраи Исмоили Сомонӣ рост меояд асос ёфтааст. Дар тули таърих миллати тоҷик бисёр фоҷеаҳои хунину сангинро паси сар намудааст. Ҳамин буд, ки дар давоми асри XX миллати тоҷик марҳила ба марҳила ба сӯи истиқлолияту ягонагӣ роҳи душвору пурпечу тобро тай намуда, истиқлолияти комилро ба даст овард.

 Санаи муҳими таърихӣ, яъне 9 сентябри соли 1991 дар сессияи Шӯрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон оид ба эълони «Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон» Қарор қабул карда шуд.

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон ҳодисаи муҳими таърихӣ гардид. Аммо Истиқлолият осон ба даст наомадааст. Чи қадар мардуми тоҷик дар паёмади ба даст овардани Истиқлолият ҷони худро аз даст доданд. Як қисми мардуми тоҷик аз марзи ҷумҳурӣ берун шуда, ба душвориҳои зиёд дучор гардиданд.

Аммо бо ҷаҳду кӯшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари мо тадриҷан сулҳу оромӣ пойдор гардид. Қисми зиёди гурезагони иҷборӣ, ки аз марзи кишвари мо берун шуда буданд, ба маҳалли зисти худ бозгаштанд.

Муваффақиятҳои дар муттаҳидсозии ҷамъият, таҳкими сулҳу суботи сартосарӣ ба даст омада, ба мо имкон доданд, ки дар эҳёи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дастовардҳои назаррас дошта бошем, аз ҷумла, дар 28 соли соҳибистиқлолӣ неругоҳҳои обии барқии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», роҳҳои оҳани «Қурғонтеппа-Кӯлоб» ва «Ёвон-Ваҳдат», нақбҳои автомобилгарди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ» ва «Хатлон», хатҳои баландшиддати интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Лолазор-Сангтӯда-1», роҳҳои мошингарди «Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма-Қарақорум», «Душанбе-Рашт-Саритош», «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», пулҳои мамлакатамонро бо Ҷумҳурии Афғонистон ва роҳҳои бо мамлакатҳои ба мо дӯсти Хитой, Покистон ва Афғонистон сохта ба истифода дода шуданд.

Бахшида ба истиқболи 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони соҳа санаи 3 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид, ки дар он Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим ширкат варзиданд. Мақсад аз ташрифи муҳтарам Азим Иброҳим, ин бо мукофотҳоидавлатӣ сарфароз намудани кормандони соҳа, ки дар фаъолияти кориашон натиҷаҳои назаррас, пурсамар ва содиқона хизмат намудаанд, иборат буд.

Ҷаласаро сардори Саридораи геология Оймуҳаммадзода Илҳомҷон оғоз бахшида дар маърузаи худ вобаста арзишҳои волои Истиқлолият, ташаккули сохти конститутсионӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодӣ миллӣ, татбиқи чаҳор ҳадафи стратегӣ, инчунин дар муқоиса бо дастовардҳои беназири давраи Истиқлолияти давлатиро таъкид намуданд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби сардори Саридора сухан ба муҳтарам Азим Иброҳим дода шуд. Муовини Сарвазир ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, барои онҳо сарбаландӣ ва рузгори некро таманно намуд. Ҳамчунин, муҳтарам Азим Иброҳим дар рафти суханронӣ бо аҳли коллективи Саридораи геология вобаста ба фаъолияти соҳа, кору нақшаҳои онҳо, дастовардҳо ва мушкилиҳои соҳа суҳбат намуда, барои ба мақсад ноил шудан ва рушд додани соҳа дастуру ҳидоятҳо дода, дар кору пайкори онҳо барору комёбиҳоро орзу намуданд.

Дар рафти баромад Муовини Сарвазир қайд намуданд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи кормандони Саридораи геология, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат қадрдонӣ карда мешавад.

Сипас, Фармонҳои Президенти ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ” қироа гардида, аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим бо Фармонҳои Президенти ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи сарфароз гардонидан ба мукофотҳоидавлатӣ” ба Салоҳов Исломиддин Ҷамолович - устои калони пармагарони гурӯҳи геологии Зарафшони Корхонаи воҳиди “Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён” ва Нуруллоев Шералӣ Файзуллоевич – устои мошинаи пармагарии Корхонаи воҳиди “Экспедитсияи гидрогеологии ҷанубӣ” барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ дар соҳаи кӯҳкории кишвар, бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҳамаи кормандони Саридораи геологияро, барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуданд.

ХАДАМОТИ МАТБУОТӢ

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ