06
Август
2019

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои боғчаи кӯдаконро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор доданд

ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бинои навбунёди боғчаи кӯдаконро, ки дар заминаи кӯдакистони рақами 1-и ноҳия  сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак пешбинӣ гардида, он аз ду ошёна иборат мебошад. Ошёнаи якуми бино аз утоқҳои машғулиятгузаронӣ, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ иборат буда, қабати дуюм аз синфхонаҳо, утоқи роҳбарият, машваратгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Корҳои сохтмонии бинои кӯдакистон моҳи марти соли ҷорӣ оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба истифода  дода шуд. Масоҳати умумии бино 535 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Акнун баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур мушкилоти фарогирии кӯдакон дар ноҳия бартараф шуда, имкониятҳо барои қабули онҳо бештар гардид. Зеро агар то ба ин дам дар кӯдакистон ҳамагӣ 2 гурӯҳ  фаъолият  дошт, акнун баъд аз истифодаи бинои нав 6 гурӯҳ ба таълим фаро гирифта хоҳанд шуд. Яъне ин маънои онро дорад, ки дастури Пешвои миллат ҷиҳати фарогирии кӯдакон то 30 фоиз ба муассисаҳои томактабӣ дар сесолаи баъдӣ босуръат амалӣ гардида истодааст.

Фармоишгари бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 1 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ба ҳисоб рафта, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ анҷом дода шудаанд. Тарҳу симои дохил ва берунаи бино бо ҳар гуна аксҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ оро ёфта, атрофи он бо гулу дарахтони ҳамешасабз зебо гардонида шудааст.

Зимни боздид аз кӯдакистон Пешвои муаззами миллат аз иҷрои корҳои анҷомёфта ва дар муддати кӯтоҳ ба истифода супоридани он изҳори сипос намуда, ба мураббиёну маорифчиёни ноҳия дастуру супоришҳои муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар марказ ва деҳоти ноҳияи Балҷувон сохтмони боз якчанд кӯдакистони замонавӣ идома хоҳад ёфт.

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ