20
Август
2019

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор доданд

ДУШАНБЕ, 20.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳамчунин дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии «Ҳусни Роғ»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки Маркази хизматрасонӣ дар ин деҳаи дурдасттарини мамлакат дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст. Бинои Маркази хизматрасонӣ аз ду ошёна иборат буда, дорухона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасониро дар бар мегирад.

Дар ошёнаи якуми бино дорухона ҷойгир буда, дар он маводи доруворӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Ҳамчунин дар назди дорухона гӯшаи гиёҳдармонӣ фаъолият мекунад. Дар ин гӯша гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла хуч, мухаллас, чойкаҳак, талхак, талхаки зардак, зуда, себаргаи сурх, ки ба бемориҳои рӯдаву меъда, фишорбаландӣ, бемории дил ва ғайра фоидабахш мебошанд, пешниҳоди сокинон гардонида шудаанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани Маркази хизматрасонӣ чанд тан аз сокинони деҳаи Роғ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои Маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони маҳаллиро шоёни дастгирӣ хонда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дар рушду пешрафти ҷумҳурии маҳбубамон саҳм гузоранд.

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ