06
Август
2019

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳамчунин дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони ин деҳоти кӯҳистони мамлакат мулоқоти судманду самимӣ анҷом доданд.

Дар мулоқот аз рушду тараққиёти деҳоти Сари Хосор ва дар маҷмуъ ноҳияи Балҷувон сухан рафта, таъкид гардид, ки дар деҳоти Сари Хосор бо мақсади амалисозии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат нақшаи чорабиниҳо бо фарогирии тамоми паҳлуҳои ҳаёти сокинони деҳот тасдиқ карда шудааст, ки татбиқи саривақтиву босифати он боиси пешравии соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми деҳоти Сари Хосор мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни иҷрои аксари бандҳои нақшаи чорабиниҳо дар деҳоти Сари Хосор изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки мо танҳо бо азму талоши дастҷамъона ва меҳнати садоқатмандона метавонем дар рушду пешрафти Ватани азизамон саҳми муносиб гузорем ва дар тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоем.

Барои беҳтарсозии шароити инфрасохтори деҳот, рушди кишоварзӣ, хусусан коркарди меваю гиёҳҳои шифобахш, таъминоти барқу об, маориф ва сайёҳӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят вазифадор карда шуданд.

Сокинони деҳоти Сари Хосор ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорию дастгириҳои пайваста изҳори сипосу минатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ ва нақшаю тадбирҳои бузурги ободонию бунёдкории Ҳукумати мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ