06
Август
2019

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Балҷувон мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқот намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия ва тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки Балҷувон ҳамчун ноҳияи навтаъсис бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҷалби соҳибкорону дигар шахсони саховатпешаи ин диёр дар кӯтоҳтарин фурсат ободу зебо гардида, барои зиндагии шоистаи сокинони он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ, рушди саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ вазифадор карда шуданд.

Таъкид гардид, ки дар ноҳия имконияту захираҳо барои рушди соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа мавҷуд аст ва бояд ин имконияту захираҳо дар баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия самаранок истифода бурда шаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки танҳо дар зарфи 12 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба ноҳия беш аз 280 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст ва минбаъд низ Ҳукумати мамлакат аз ҷониби худ барои беҳсозии рӯзгори сокинони ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла тавассути бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Сокинони ноҳия дар мулоқот бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати башардӯстонаву бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки барои боз ҳам ободу пешрафта гардондани диёри аҷдодии худ минбаъд низ саъю талоши зиёд менамоянд.

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ