10
Октябрь
2019

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд

ДУШАНБЕ, 10.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба корҳои сохтмонии меҳмонхонаи замонавии чорситорадор оғоз бахшиданд.

Нахуст Сарвари давлат дар маҳалли сохтмон бо лоиҳаи меҳмонхонаи замонавӣ шинос шуданд.

Сохтмони меҳмонхонаи чорситорадор аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Тоҳир Ҳукуматов, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 августи соли 2019 ба роҳ монда мешавад.

Меҳмонхона аз 18 ошёна иборат буда, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ бунёд хоҳад гардид.

Мутобиқи лоиҳа, иншоот дорои 90 ҳуҷра буда, дар як вақт ба 300 нафар хизмат мерасонад.

Дар меҳмонхона бунёди марказҳои хизматрасонӣ – фароғатӣ, толори маҷлис, толори машварат, толорҳои варзиш, шиноварӣ, кинотеатр, тарабхона, қаҳвахона ва таваққуфгоҳи зеризаминӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи баландошёна 30 нафар бо кори муваққатӣ ва пас аз пурра ба истифода додани он то 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Баъди шиносоии пурра бо лоиҳаи меҳмонхонаи замонавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватандӯст баҳои баланд дода, баҳри иҷрои босифати корҳо ва риояи талаботи санъати баланди меъмории миллӣ дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Соҳибкори ватанӣ бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки иншооти мазкурро то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ду сол бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор диҳад.

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ