06
Август
2019

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Калтачанори ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон

ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гунногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳаи хушманзараи Калтачанори ноҳия роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонону аҳли фарҳанг бо самимияти беандоза ва рӯҳияи болида истиқбол намуданд.

Мавриди таъкид аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ҷаҳду талоши созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Балҷувон ба дастовардҳои беназир ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш беҳтар гардид.

Истиқболи самимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ноҳия далели пуштибонии комили онҳо аз сиёсати созандагию ободонии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ