06
Сентябрь
2019

ИФТИТОҲИ МАКТАБИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ ДОНИШ”

     Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бахшида ба рӯзи дониш, санаи 1 сентябри соли 2019 бинои мактаби наву замонавӣ – филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 дар деҳаи дурдасти Файзободи ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ мактаби наву замонавӣ ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Зимни ба истифода додани ин бинои наву муосири таълимиро самараи ғамхорию меҳрубониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда шуд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дастгирию ғамхорӣ нисбат ба рушди соҳаи маориф кормандони соҳаро барои иҷрои рисолати муқаддаси касбӣ, яъне таълиму тарбияи шоиста раҳнамун сохта, дар ин замина чунин таъкид намуданд: “Гузаштагони хирадмандамон гуфтаанд, ки дар тифли аз худ кардани донишу маърифат мисли нақш дар санг мебошад.
Бинобар ин устодон ва омӯзгоронро зарур аст, ки ба масъалаи қавӣ гардонидани хонандагон эътибори ҷиддӣ диҳанд ва сатҳу сифати таълимро мунтазам беҳтар намоянд”.

Аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 барои бунёди мактаби нав ва ғамхорӣ дар ҳаққи таълиму тарбияи шоистаи насли наврас дар деҳаи Файзобод ба Пешвои миллат, Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ изҳори сипос намуданд. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба хонандагони мактаби нав 2 адад компютерҳои замонавӣ туҳфа карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки бинои филиали муассисаи таълимии №5 дар деҳаи Файзобод ба ҷойи бинои қаблии садамавӣ дар муддати кӯтоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия, аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ “Фаворит” , бо харҷи беш аз 700000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Муассисаи мазкур дорои 5 синфхонаи барҳаво, хонаи омӯзгорон ва майдончаи варзишӣ иборат мебошад.

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ