28
Сентябрь
2019

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ

   Имрӯзҳо дар сартосари кишвари маҳбубамон корҳои ободонию созандагӣ баҳри сазовор таҷлил намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром рафта истодаанд.

Баҳри иҷроиши Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №98-Ф аз 20 ноябри сли 2018 ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №829 аз 28 декабри соли 2018 бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, Саридораи геология дар як муддати кутоҳ сохтмони майдончаи варзишии замонавиро, ки ҷавобгу ба талаботи стандартҳои муосир мебошад, санаи 28 сентябри соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Майдончаи варзишӣ дар кӯчаҳои Сана №1 ва Клагенфурт №1 – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби Саридораи геология бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд бунёд гардида, дар самти ободии ин гӯшаи диёр саҳми муносиб гузошт.

Имрӯз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки майдончаи варзишӣ дар арафаи ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони пойтахти маҳбубамон як туҳфаи олӣ ба ҳисоб меравад.

Майдончаи варзишӣ, ки ҷавобгу ба талаботи стандартҳои муосир бунёд шудааст, барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, баргузории бозиҳои кӯдакона, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва ташкили машғулиятҳои дастаҳои варзишӣ, нигаронида шудааст.

ХАДАМОТИ МАТБУОТӢ

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ