27
Август
2019

АЪМОЛИ ТЕРРОРИСТИИ КАБИРӢ ВА ҲАММАСЛАКОНАШ

     Маълум аст, ки фазо ва муҳити муосири ҷаҳонӣ торафт мушкилтару мураккабтар мегардад. Ҷаҳон дар пешорӯи хатару таҳдидҳои мухталиф, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ қарор дорад. Рӯз ба рӯз вазъи сиёсию иҷтимоии як қисми мамолики Шарқи мусулмонӣ бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои нодуруст хароб мегардад. Фаъолияти ташкилоту ҳаракатҳои ифротгаро дар низоми зиндагии ин кишварҳо ба вуҷуд омадааст. Ингуна шароит, қабл аз ҳама, ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина, неруманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.

Имрӯзҳо аъзоёни ТТЭҲНИ хориҷ аз кишвари азизу маҳбуби хеш бо рафтори номардона, беномусона ва курнамакона ба давлату ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон бо як лаҳни тунд ва дилу нияти ғаразнок суханҳои бардурӯғ мегӯянд. Калими “хоин” ба роҳбари ин ташкилоти террористӣ Кабирӣ арзанда мебошад, зеро ки дар ҳақиқат ӯ ба ин миллату Ватан хиёнат кардааст. Ин нохалаф манфиатҳои миллии ҳамзабонон ва ҳамдиёрони худро пушти пой задааст ва дар воқеъ нотавонбин ва дур аз фаҳмиши инсоният мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади асосии ин гурӯҳи хоинон, барҳам задани сохти конститутсионии кишвар, пароканда сохтани мардуми шарифи тоҷик, аз падар ва модар ҷудо намудани фарзанди тоҷик, барҳам задани якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Ин хоинон хориҷ аз Ватан худро ҳамчун ватандӯст ва ғамхори мардуми тоҷик нишон медиҳанд, аммо нуқтаеро бояд қайд намоям, ки дар Тоҷикистон мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ, авомфиребии раҳбарону масъулони ТТЭ ҲНИ бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз дарди масмумият ранҷ мебарад. Ин масмумияти равонӣ ҷисм ва рӯҳияи миллӣ-мардумиро дар минтақа шикаста, боиси худбохтагӣ, бегонапарастӣ, бадбинӣ, яъсу ноумедӣ ва дар маҷмӯъ, хурофоту таассуби шадид гардида истодааст. Ин ҷо албатта ҷанги бародаркушӣ дар назар аст, ки аз ҷониби наҳзатиҳо роҳандозӣ шуда буд ва шаҳрвандони нисбатан солдидаи кишвар хуб дар ёд доранд, ки оғози солҳои навадум ба хотири ақида ва мафкураи бегона бародар гулӯи бародарро дарид ва бар асари низоъҳои бемаънӣ ва даргириҳои гӯшношунид беобрӯ гардидем. Ин расвоӣ ва беобрӯйӣ барои ҳазор соли дигар ба миллату фарҳанги мо басанда аст ва аз касолату касофатзадагии тарроҳону дастандаркорони он ҷанги хонамонсӯз, ки ҳазорон-ҳазор нафарро ба хун оғушта, бехонаву дар, бесаробону бесоҳиб, ятиму бепарастор, маъюбу маъюс, дастнигару фақир, мусофиру муҳоҷир сохт, то имрӯз дуруст ба худ наомадаем.

Амалҳои тахриботию табоҳкориҳои масъулони ташкилоти наҳзатӣ то имрӯз дар зеҳни мардуми минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ боқӣ мондааст ва дар саҳифаҳои таърихи миллат ва ватани азизи мо чун паёмади шуми ибтикороти муғризонаи пирони маънавию сиёсии он ҳизб сабт гардидааст. Маълум аст, ки сарпарастону хоҷагони хориҷии ТТЭҲНИ шӯрангезӣ, ҷангандозӣ, хурофапарварӣ, бегонапарастӣ, ҷаҳолатпарешӣ, қатлукуштор, бесаводӣ, нодонӣ, тафриқаандозӣ ва ғасби қудратро мехостанд, аммо ба мақсадҳои нопоки худ нарасидан.

Мутаасифона бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, ба хотири сулҳу Ваҳдати Миллӣ ва расидан ба ризоияти миллӣ тамоми ҷиноёти то соли 1997 аз ҷониби ТТЭҲНИ ба вуқуъ пайвастаро бахшиданд ва ин ҳизбро дубора ба таври расмӣ иҷозати фаъолият доданд. Аммо раҳбарияти ТТЭҲНИ, ки озодона дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекарданд, аз ин имтиёз сӯйистифода намуда, ибтидои сентябри соли 2015 даст ба табаддулоти сиёсию низомӣ дар қолаби амалкарди Абдуҳалим Назарзода заданд, ки паёмади он ба ҳама маълум аст.

Албатта пас аз табаддулоти Назарзода якчанд саркардагони наҳзатӣ, ки дар он бевосита ё бавосита даст доштанд, аз сӯйи мақомоти зиддахли давлатӣ боздошт шуданд. Бо қарори Суди Олии кишвар ТТЭҲНИ созмони террористӣ ва экстремистӣ эътироф гардида, мамнуъ эълон шуд. Ҷиноятҳо ва амалҳои террористии содирнамудаи раҳбарону масъулони ин ҳизб ошкор намуд, ки ҳадафи асосии онҳо бо истифода аз тамоми роҳҳою воситаҳо, аз ҷумла бар ивази хуни фарзандони ин миллат, ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар мебошад.

Бояд таъкид кард, ки баста шудани ТТЭ ҲНИ пеш аз ҳама ба амали роҳбарони ин ҳизб, ки даст ба яроқ бурданд ва хостори бо тариқи зурӣ сарнагун намудани ҳокимият шудаанд, иртибот дорад. Вале Кабирӣ пайравони ин ҳизбро бо роҳи дуруғу фиреб алайҳи давлату миллат шуронид ва онҳоро дар нимароҳ монда, худ фирор кард ва акнун дар хориҷа мехоҳад боз фазои кишварро ноором кунад ва бар манфиатҳои бегонагон хизмат намояд.

Онҳо мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастону ҳаммаслаконашонро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомоти давлатӣ ҳавола мекунанд. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Мо мутмаъинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги ҳазорон нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.

Хадамоти Матбуотӣ

Категория: Навидҳо

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ