11
Июль
2019

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин

11.07.2019 18:48, шаҳри Душанбе
 

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст ба ҳузур пазируфтанд.

Категория: Навидҳо

11
Июль
2019

Муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе

11.07.2019 18:01, шаҳри Душанбе
 
11 июл дар Қасри миллат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Категория: Навидҳо

09
Июль
2019

Тағйироти кадрӣ

09.07.2019 16:25, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оид ба бозхонд намудани Шарифзода Асрор Нор аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибки моддаи 57 қисми 1 пешниҳод оид ба бозхонд намудани Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо аз ҳайати Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан, ҳамчунин, пешниҳодҳо дар бораи интихоб намудани Шарифзода Асрор Нор ва Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо ба вазифаҳои судяи суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуданд.

Категория: Навидҳо

08
Июль
2019

Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Латвия Эгилс Левитс

08.07.2019 14:44, шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Латвия Эгилс Левитс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

Категория: Навидҳо

06
Июль
2019

Барқияи табрикӣ ба Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

06.07.2019 21:21, шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

Категория: Навидҳо

05
Июль
2019

МАҚСАДҲОИ НОПОКУ РИЁКОРОНАИ НАҲЗАТИҲО

Вақтҳои охир Кабирии хоини миллати тоҷик дар баромадҳояш дар Аврупо аз арзишҳои демократӣ ва дунявӣ суханронӣ карда, ба тарғибу ташвиқи худу пайравони наҳзатиаш даст зада истодааст. Бо ин роҳ ин хоин мехоҳад гузаштаи террористии худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ пинҳон карда, наҳзатиёни террористро дар чеҳраи нави дунявию демократию либералӣ нишон бидиҳад.

Категория: Навидҳо

04
Июль
2019

ЭЪЛОН

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РӮЗИ 5 ИЮЛИ СОЛИ 2019 СОАТИ 9:00 ДАР МАҶЛИСГОҲИ КОРХОНАИ ВОҲИДИ “ЭКСПЕДИТСИЯИ ҶУСТУҶУИЮ АКСБАРДОРИИ ГЕОЛОГӢ” БАРГУЗОР МЕГАРДАД.

Категория: Навидҳо

01
Июль
2019

Мулоқот бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабарти

   1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфтанд.

Категория: Навидҳо

24
Июнь
2019

Cуханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Сангвор

24.06.2019 09:43, ноҳияи Сангвор

Ҳамдиёрони азиз!

Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо - роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми меҳмоннавозу шарафманди ноҳияи хушманзараи Сангвор дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ сурат мегирад.

Ба ин муносибат хурду бузурги ноҳияро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо саломативу сарбаландӣ ва рӯзгори хушу осуда орзу менамоям.

Категория: Навидҳо

24
Июнь
2019

Барафрохтани Парчами давлатӣ дар ноҳияи Сангвор

Барафрохтани Парчами давлатӣ дар ноҳияи Сангвор
24.06.2019 09:40, ноҳияи Сангвор
 
24 июни соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд.

Категория: Навидҳо

24
Июнь
2019

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ифтитоҳи марказҳои савдо, коргоҳи хунармандӣ, чойхона ва меҳмонхона дар ноҳияи Сангвор

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ифтитоҳи марказҳои савдо, коргоҳи хунармандӣ, чойхона ва меҳмонхона дар ноҳияи Сангвор
24.06.2019 09:37, ноҳияи Сангвор

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор аз гӯшаи намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуда, бинои маркази савдои “Хингоб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Категория: Навидҳо

24
Июнь
2019

Ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ ва тақдими туҳфаҳо ба шахсони ниёзманд дар ноҳияи Сангвор

Ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ ва тақдими туҳфаҳо ба шахсони ниёзманд дар ноҳияи Сангвор
24.06.2019 09:38, ноҳияи Сангвор
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии Маркази савдои “Давлатҷон”, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Давлатов дар доираи эълони солҳои 2019 - 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Категория: Навидҳо

24
Июнь
2019

Ифтитоҳи майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Сангвор

Ифтитоҳи майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Сангвор

24.06.2019 08:24, ноҳияи Сангвор

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор нахуст майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор доданд.

Категория: Навидҳо

24
Июнь
2019

Гузоштани санги асоси биноҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Шуъбаи маориф дар ноҳияи Сангвор

Гузоштани санги асоси биноҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Шуъбаи маориф дар ноҳияи Сангвор
24.06.2019 08:27, ноҳияи Сангвор
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Сангвор дар маркази ноҳия ба корҳои сохтмонӣ дар бинои  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва шуъбаҳои маориф ва амнияти миллӣ оғози расмӣ бахшиданд.

 

Категория: Навидҳо

24
Июнь
2019

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор
24.06.2019 06:55, ноҳияи Сангвор

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун ва суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинон ба ноҳияҳои водии Рашт ташриф оварданд.

Категория: Навидҳо

<<  1 2 3 4 [56 7 8 9  >>  

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ