30
Октябрь
2014

ФОРУМИ САРМОЯГУЗОРӢ

     Дар шаҳри Душанбе 27-28 октябри соли равон Форуми якуми Сармоягузории Ташкилоти Ҳамкории Исломӣ (ТХИ) бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

     Дар доираи Форум намоишгоҳ ташкил карда шуд, ки дар он Саридораи геология намунаи ашёҳои минералиро ба намоиши иштирокчиён гузошт.

Категория: Навидҳо

24
Октябрь
2014

Форуми IV байнипарлумонӣ

Форуми  IV  байнипарлумонӣ

23 октябри соли 2014 дар Донишгоҳи Давлатии Москва Форуми IV байнипарлумонӣ ва Конфронсӣ III оид ба ҳамкории байниминтақавӣ Русия ва Тоҷикистон «Русия-Тоҷикистон: имконияти ҳамкории байниминтақавӣ»,баргузор гардид, ки дар он сардори Саридораи геология бо маърўза оид ба имконияти ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаи истифодаи бойгариҳои зеризаминӣ баромад намуд.

Категория: Навидҳо

21
Октябрь
2014

Ифтитоҳи конгресси China mining-2014

Ифтитоҳи  конгресси China mining-2014

Имрўз дар Хитой конгресси China mining-2014 расман ботантана ифтитоҳ гардид. Дар доираи чорабиниҳои мазкур форуми Вазирони соҳаҳои куҳкори баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро сардори Саридораи геология муарифӣ намуд. Хамзамон у бо роҳбари Хадамоти геологии Хитой вохурии дуҷониба гузаронид, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои муштарак муҳокима гардид.

Категория: Навидҳо

21
Октябрь
2014

СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ГЕОЛОГӢ

СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ГЕОЛОГӢ

20 октябри соли 2014 дар шаҳри Тиандзини ҷумҳурии мардумии Чин Симпозиуми байналмиллалии геологӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Саридораи геология ширкат варзиданд. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Хол дар мавзўъи «Таҳқиқотҳои муштараки геохимиявӣ дар ноҳияҳои назди сарҳадии Тоҷикистон» маъруза намуд.

Категория: Навидҳо

17
Октябрь
2014

СЕМИНАР- МАШВАРАТ

16 октябри соли 2014 дар Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон семинар-машварат бо роҳбарони корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикстон Азим Иброҳим баргузор гардид. Дар семинарии мазкур намояндагони Саридораи геология иназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Категория: Навидҳо

15
Октябрь
2014

ҶАЛАСАИ СЕЮМИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТӢ

Имрўз 15 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми комиссияи байниҳукуматӣ оди ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озорбойҷон баргузор гардид.

Категория: Навидҳо

15
Октябрь
2014

ФОРУМИ ИҚТИСОДӢ ВА САРМОЯГУЗОРИИ ДУШАНБЕ-2014

ФОРУМИ  ИҚТИСОДӢ  ВА  САРМОЯГУЗОРИИ ДУШАНБЕ-2014

Имрўз 15 октябри соли 2014 дар китобхонаиМиллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе -2014 баргузоргардид,ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон босухани ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшид.

Категория: Навидҳо

15
Октябрь
2014

Ҷаласаи мушовара

13 октябрисоли 2014 дар Саридораи геология Ҷаласаи ҳайати мушовара доир ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои 9 моҳи соли ҷори баргузор гардид. Муовини аввали сардори Саридора бомаърўза баромад кард.Оид ба ҷамъбасти Ҷаласа ҳайати мушовара қарори дахлдор қабул намуд

Марказима тбуотӣ

Категория: Навидҳо

13
Октябрь
2014

ИҶЛОСИЯИ МИНТАҚАВӢ

ИҶЛОСИЯИ МИНТАҚАВӢ

Дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо ташаббуси Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (GIZ) аз 6 то 10 октябри соли равон иҷлосияи минтаќавии муколамаи кишварӣ-хусусӣ дар мавзўъи “Технология барои истихроҷи кўҳӣ ва ғанисозӣ” баргузор гардид. Дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон сардори Саридораи геология дар чорабинии мазкур низ ширкат намуд.

Категория: Навидҳо

19
Сентябрь
2014

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ

Нимаи дуюми имрўз дар Саридораи геология маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни хадамотҳои геологии Тоҷикистону Финляндия баргузор гашт.

Категория: Навидҳо

15
Сентябрь
2014

ЛУЛАИ ГАЗГУЗАРӢ “ОСИЁИ МАРКАЗИ-ХИТОЙ”

Нимаи дуюми рўзи 13 сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии халқии Хитой Си Сзинпин, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт дар маросими ҷашни ботантанаи оғози сохтмони қитъаи тоҷикистонии лулаи газгузари байналмиллалии “Осиёи маркази-Хитой” иштирок намуданд.

Категория: Навидҳо

12
Сентябрь
2014

ШОМИ ДӮСТӢ

Дирӯз 11 сентябри соли 2014 дар “Кохи Борбад” ба муносибати оғози кори нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» бо барномаи рангин консерти ботантана намоиш дода шуд, ки дар он беш аз 800 нафар ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон сафарбар гардида буданд.

Категория: Навидҳо

11
Сентябрь
2014

НИШАСТИ САРОНИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ

Имрӯз ҷиҳати иштирок дар нишасти СҲШ ба Душанбе ташриф овардани сарони кишварҳои узви созмон – Владимр Путин, Нурсултон Назарбоев, Алмазбек Атамбоев, Ислом Карим, Си Ҷинпин ва ҳамчунин сарони кишварҳои нозири созмон – президентони Эрон, Муғулистон ва Афғонистон меҳмони махсуси нишаст президенти Туркманистон дар назар аст, Нахуствазири Покистон ва вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон низ ба Душанбе меоянд

Категория: Навидҳо

05
Сентябрь
2014

ЁДБУДИ АБДУЛЛОЕВ Ф. А.

ЁДБУДИ АБДУЛЛОЕВ Ф. А.

5 сентябри соли 2014 дар Экспедитсияи ҷустуҷўию аксбардории геологӣ маҷлиси ёдбуд ба муносибати 80 солагии собиқ корманди соҳаи геологияи Ҷумҳурӣ Абдуллоев Фатҳулло Акбарович баргузор гардид. Дар маҷлис дўстон ва ҳамкасбони Абдуллоев Ф. А. баромад карда, дар бораи кор ва фаъолияти Абдуллоев Ф. А., саҳми ў дар омўзиши геологияи ҷумҳурӣ ва геологияи Афғонистон нақлҳо намуданд. Дар маҷлис хешу табор ва наздикони Абдуллоев Ф. А. ҳузур доштанд.

Категория: Навидҳо

05
Сентябрь
2014

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ

Имрўз дар Саридораи геология маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 23-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Роҳбарияти Саридора кормандони соҳаро бо иди миллӣ табрик намуда таърихи 23 солаи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо таҳлилҳои иҷтимоию сиёси ва дастовардҳои иқтисодии кишвар муаррифи намуданд. Якчанд нафар кормандони соҳа бо Ифтихорномаи Саридора сарфароз гардонида шуданд.

Категория: Навидҳо

<<  43 44 45 46 47 [4849  >>  

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ