15
Октябрь
2014

Ҷаласаи мушовара

13 октябрисоли 2014 дар Саридораи геология Ҷаласаи ҳайати мушовара доир ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои 9 моҳи соли ҷори баргузор гардид. Муовини аввали сардори Саридора бомаърўза баромад кард.Оид ба ҷамъбасти Ҷаласа ҳайати мушовара қарори дахлдор қабул намуд

Марказима тбуотӣ

Категория: Навидҳо

13
Октябрь
2014

ИҶЛОСИЯИ МИНТАҚАВӢ

ИҶЛОСИЯИ МИНТАҚАВӢ

Дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо ташаббуси Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (GIZ) аз 6 то 10 октябри соли равон иҷлосияи минтаќавии муколамаи кишварӣ-хусусӣ дар мавзўъи “Технология барои истихроҷи кўҳӣ ва ғанисозӣ” баргузор гардид. Дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон сардори Саридораи геология дар чорабинии мазкур низ ширкат намуд.

Категория: Навидҳо

19
Сентябрь
2014

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ

Нимаи дуюми имрўз дар Саридораи геология маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни хадамотҳои геологии Тоҷикистону Финляндия баргузор гашт.

Категория: Навидҳо

15
Сентябрь
2014

ЛУЛАИ ГАЗГУЗАРӢ “ОСИЁИ МАРКАЗИ-ХИТОЙ”

Нимаи дуюми рўзи 13 сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии халқии Хитой Си Сзинпин, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт дар маросими ҷашни ботантанаи оғози сохтмони қитъаи тоҷикистонии лулаи газгузари байналмиллалии “Осиёи маркази-Хитой” иштирок намуданд.

Категория: Навидҳо

12
Сентябрь
2014

ШОМИ ДӮСТӢ

Дирӯз 11 сентябри соли 2014 дар “Кохи Борбад” ба муносибати оғози кори нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» бо барномаи рангин консерти ботантана намоиш дода шуд, ки дар он беш аз 800 нафар ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон сафарбар гардида буданд.

Категория: Навидҳо

11
Сентябрь
2014

НИШАСТИ САРОНИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ

Имрӯз ҷиҳати иштирок дар нишасти СҲШ ба Душанбе ташриф овардани сарони кишварҳои узви созмон – Владимр Путин, Нурсултон Назарбоев, Алмазбек Атамбоев, Ислом Карим, Си Ҷинпин ва ҳамчунин сарони кишварҳои нозири созмон – президентони Эрон, Муғулистон ва Афғонистон меҳмони махсуси нишаст президенти Туркманистон дар назар аст, Нахуствазири Покистон ва вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон низ ба Душанбе меоянд

Категория: Навидҳо

05
Сентябрь
2014

ЁДБУДИ АБДУЛЛОЕВ Ф. А.

ЁДБУДИ АБДУЛЛОЕВ Ф. А.

5 сентябри соли 2014 дар Экспедитсияи ҷустуҷўию аксбардории геологӣ маҷлиси ёдбуд ба муносибати 80 солагии собиқ корманди соҳаи геологияи Ҷумҳурӣ Абдуллоев Фатҳулло Акбарович баргузор гардид. Дар маҷлис дўстон ва ҳамкасбони Абдуллоев Ф. А. баромад карда, дар бораи кор ва фаъолияти Абдуллоев Ф. А., саҳми ў дар омўзиши геологияи ҷумҳурӣ ва геологияи Афғонистон нақлҳо намуданд. Дар маҷлис хешу табор ва наздикони Абдуллоев Ф. А. ҳузур доштанд.

Категория: Навидҳо

05
Сентябрь
2014

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ

Имрўз дар Саридораи геология маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 23-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Роҳбарияти Саридора кормандони соҳаро бо иди миллӣ табрик намуда таърихи 23 солаи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо таҳлилҳои иҷтимоию сиёси ва дастовардҳои иқтисодии кишвар муаррифи намуданд. Якчанд нафар кормандони соҳа бо Ифтихорномаи Саридора сарфароз гардонида шуданд.

Категория: Навидҳо

03
Сентябрь
2014

МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ

МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ

Бахшида ба 23-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоёни таҳсин Раиси Комиссияи захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобиев Юнус Зикриёевич бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014 № 245 бо мукофоти давлатӣ медали «Хизмати шоиста» мукофонида шуд. Дар маҷлиси тантанавӣ мукофоти давлатиро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим супорид.

Категория: Навидҳо

03
Сентябрь
2014

Ташриф ба конҳои тилло

Ташриф ба конҳои тилло

Аз 28 август то 2-уми сентябри соли 2014 муовини аввали сардори Саридораи геология Бахтдавлатов Р.Д. тавассути сафари корӣ аз конҳои тиллои Дуобаи Шарқӣ ва Кумарғи Боло дидан намуд. Ҳангоми сафар Бахтдавлатов Р.Д. бо натиҷаҳои қаблии корҳои иктишофӣ-геологии гузаронидашуда ва барномаи корҳо барои солҳои минбаъда шиносоӣ намуд.

Категория: Навидҳо

30
Август
2014

МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рўзи 29 августи соли 2014 бахшида ба ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбхои гуногун мукофотҳои давлатиро супорид. Дар Қасри миллат аз дасти Президенти кишвар дар маросими махсус ҳамаги 160 нафар хизматчиёни касбҳо аз соҳаҳои гуногун мукофоти давлатӣ гирифтанд.

Категория: Навидҳо

10
Апрель
2018

Заседание Коллегии Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан.

Заседание Коллегии Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан.

      10 апреля 2018 года состоялось заседание Коллегии Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан.

      На заседании были рассмотрены итоги деятельности Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан за I-квартал 2018 года.

Пресс-центр

Категория: Навидҳо

18
Июль
2018

Нишасти матбуотии Саридораи геология

Нишасти матбуотии Саридораи геология

    Имрӯз соати 09:00 дар толори маҷлисгоҳи Саридораи геология бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотӣ доир гардид.

Категория: Навидҳо

<<  42 43 44 45 46 [47

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ