05
Май
2015

80-СОЛАГИИ АБДУРАҲМОНОВ Ф.А.

80-СОЛАГИИ АБДУРАҲМОНОВ Ф.А.

Имрӯз дар Саридораи геология ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 80 солагии яке аз геологи пешбари Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонов Файзулло Абдураҳмонович баргузор гардид. Коллективи геологҳо соҳибҷашнро табрику муборакбод намуданд.

 

Категория: Навидҳо

02
Май
2015

ҶАЛАСАИ ШАШУМИ ГУРУҲИ КОРШИНОСОНИ СММ ДАР ШАҲРИ ЖЕНЕВА

ҶАЛАСАИ ШАШУМИ ГУРУҲИ КОРШИНОСОНИ СММ ДАР ШАҲРИ ЖЕНЕВА

           Аз 28 апрел то 1 маи соли 2015 дар шаҳри Женева Ҷаласаи шашуми Гуруҳи коршиносон оид ба Таснифоти иқтисодии захираҳои канданиҳои фоиданоки сӯзишворӣ ва менералии СММ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 намояндагони мамлакатҳои ҷаҳон иштирок доштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини аввали сардори Саридораи геология Бахтдавлатов Р.Д. намояндагӣ намуд.

Категория: Навидҳо

30
Апрель
2015

ОМУЗИШИ БАРНОМАҲОИ САҲРОӢ

Бо кӯмаки Институти федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Федеративии Олмон (BGR) дар доираи лоиҳаи «Захираҳои табиӣ барои рушди Тоҷикистон» як гурӯҳ мутахассисони ҷавони Саридораи геология ба омӯзиши курсибарномаҳоикомпютерии муосири саҳроӣ фаро гирифта шуданд.

Категория: Навидҳо

28
Апрель
2015

САФАРИ ХИЗМАТӢ

САФАРИ ХИЗМАТӢ

      Бо мақсади ҳалли масъалаҳои истеҳсолӣ, шиносоӣ бо рафти иҷрои корҳо, ҳолати таҷҳизотҳои иктишофи - геологӣ, воситаҳои нақлиётӣ ва таҷҳизотҳои аз эътибор соқитшавандаи КВ «ЭИГП» дар объектҳо, гуруҳи корӣ дар ҳайати муовини сардори Саридора Маҳмадалиев А.Ғ., сардори шуъбаи истеҳсолию-техникӣ Содиқов М.М.  ва дигарон  аз 22 то 28 апрели соли 2015 дар сафари корӣ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон қарор дошт.

Категория: Навидҳо

21
Апрель
2015

ҲАМКОРӢ БО BGR

ҲАМКОРӢ БО BGR

    Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Захираҳои табиӣ барои рушди Тоҷикистон»-ро дар асоси Ёддошти тафоҳум бо Институти федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Федеративии Олмон (BGR), ки 13 декабри соли 2011 ба имзо расида буд, амалӣ карда истодааст.

Категория: Навидҳо

21
Апрель
2015

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ

Нимаи дуюми рз роҳбарияти Саридораи геология бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот масъалаи рафти иҷрои корҳо оид ба марҳилаҳои лоиҳаи «Баланд бардоштани рақаботпазирии сектори хусусӣ» муҳокима шудаанд. Инчунин барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар оянда тарафҳо пешниҳодҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуотӣ

Категория: Навидҳо

20
Апрель
2015

САФАРИ ХИЗМАТӢ

Баҳри иҷрои Фармоиши сардори Саридора оид ба қабули маводҳои саҳроӣ, таҳлили рафти корҳои камералӣ ва таҳрезии нақшаҳои тақвимии корҳои саҳроӣ барои соли 2015 муовини аввали сардор Бахтдавлатов Р.Д. аз 15 то 18 апрели соли ҷори ба Экспедитсияҳои комплексии геологии Қайроққум ва иктишофи геологии Моѓиён дар сафари хизматӣ буд.

Категория: Навидҳо

10
Апрель
2015

МАШВАРАТИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

МАШВАРАТИ  БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Имруз 10 апрели соли ҷори дар меҳмонҳонаи Серена машварат дар мавзӯи “Тағйирёбии иқлим ва муҳити зист: ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия” бо иштироки коршиносони вазорату идораҳои даҳлдори Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Финляндия баргузор гардид.

Категория: Навидҳо

08
Апрель
2015

КОНФЕРЕНСИЯИ 12-уми БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

КОНФЕРЕНСИЯИ 12-уми БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

   Конференсияи 12-уми Байналмиллалии илмӣ-амалии “Ақидаҳои нав дар илмҳо оид ба замин” дар шаҳри Москва кори худро оғоз намуд. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Хол субҳи 8 апрели соли 2015 дар конференсияи мазкур суханронӣ намуд. Ҳамчунин дар ин чорабинӣ, ки то 10 апрели соли 2015 давом меёбад баромади олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 17 маъруза вобаста ба илмҳо оид ба замин дар назар аст.

Категория: Навидҳо

07
Апрель
2015

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА

   Имруз 07 апрели соли 2015 соати 0900 ҷаласаи ҳайати мушовараи Саридораи геология оид ба фаъолияти семоҳаи аввали соли 2015 баргузор гардид.

Категория: Навидҳо

01
Апрель
2015

ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТ

     Рӯзи 31 марти соли 2015 роҳбарияти Саридораи геология бо президенти Корпоратсияи Хай Чени Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Huang Jiang Rong вохӯрӣ намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла оид ба рафти корҳои омӯзиши геологӣ дар кони Зарнисори Шимолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон ҷаноби Huang Jiang Rong роҳбари навтаъсиси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ширкати куҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой” ҷаноби Yan Zhi Cai-ро муаррифӣ намуд.

Хадамоти матбуотӣ

Категория: Навидҳо

22
Март
2015

ИДИ НАВРӮЗ

ИДИ НАВРӮЗ

         Иди Наврӯзи байналмиллалӣ дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 март аз мусобиқаҳои варзишии баҳорӣ оғоз ёфта 21 март бо барномаҳои фарҳангию фароғатӣ анҷом ёфт.

Категория: Навидҳо

20
Март
2015

МАЙНЕКС, ОСТОНА-2015

Форуми мазкур ҳамасола дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз соли 2010 инҷониб гузаронида шуда, яке аз чорабиниҳои калони сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Мақсадҳои асосии Форум фароҳам овардани замина ҷиҳати ташкили гуфтугӯи бисёрҷонибаи кушод оид ба дурнамои рушди базаи ашёи минералии давлатҳои Осиёи Марказӣ буда барои таъсиси шароитҳои баланд бардоштани мақоми соҳаи геология ва саноати куҳӣ дар таъмини рушди устувори иқтисоди давлатҳои минтақа равона карда шудааст.

Категория: Навидҳо

07
Март
2015

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи модар

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи модар

Модарони меҳрубон, бонувони муҳтарам ва хоҳарони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Категория: Навидҳо

06
Март
2015

ИДИ РУЗИ МОДАР

ИДИ РУЗИ МОДАР

Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Саридора маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни иди РУЗИ МОДАР баргузор гардид. Сардори Саридора аз номи мардони соҳаи геология тамоми коллективи занонро бо иди дарпешистодаи РУЗИ МОДАР табрик гафта ба онҳо тӯҳфаҳои идона супорид.

Категория: Навидҳо

<<  41 42 43 44 45 [4647 48 49 50  >>  

САРИДОРАИ ГЕЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Copyright © 2015 GST.TJ