31 Авг2017
31 августи соли 2017 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои илмӣ-техникии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:
Рӯзномаи ҷаласа
1. Ҳисоботи “Корҳои ҷустуҷӯӣ-ҷустуҷӯи арзёбии тилло дар майдонҳои Тутлӣ-Алмабулоқ” (ахбороти Шарифбоев Т. КВ “ЭКГҚ”)
2. Баррасии мактуби КВ «ЭИГҶТ» оид ба аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардидаи иншооти Муминобод гузаронидани маблағи 115 000 (яксаду понздах ҳазор) сомонӣ ба иншооти Сурбиён - лоиҳаи «Гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-тафтишии миқёси 1:10000 (1:25000) барои сурбу рӯҳ ва компонентҳои ҳамроҳ дар майдони зуҳуроти Сурбиён ва ҳамҳудуди он дар фосилаи байни дарёҳои Шуроб ва Туқайнарон дар солҳои 2012-2016» (ахбороти Ёқубов М. КВ «ЭИГҶТ»)
3. Баррасии мактуби КВ «ЭИГМ» оид ба аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида ба гурӯҳи Қазноқ, гузаронидани маблағи 118000 сомонӣ ба гурӯҳи геологии Пастиф (ахбороти Мирзоев Б.О. КВ «ЭИГМ»)
4. Баррасии мактуби КВ «ЭҶАГ» оид ба аз ҳисоби маблағҳои боқимондаи “Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти оҳани Куҳандара”, аз ҳисоби нигоҳдории Фонди давлати иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдории Маркази додаҳои улуми замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба объекти “Корҳои ҷустуҷӯӣ ва ҷустуҷӯию арзёбии металлҳои нодир ва унсурҳои ҳамроҳ дар зуҳуроти Ёсуман” гузаронидани маблағи 200734 сомонӣ (ахбороти Ошурмамадов А. КВ «ЭҶАГ»)
5. Баррасии мактуби КВДҶ «ЭИГСҚО» оид ба аз ҳисоби маблағҳои ҷудошудаи Қитъаи Барфӣ ва Фирӯзакон, гузаронидан ба объекти Помири Шарқӣ оид ба “Корҳои ҷустуҷӯии ашёи сангҳои худҷило дар Помири Шарқӣ” (ахбороти Куканбеков З. КВДҶ «ЭИГСҚО»)
6. Ҳисоботи “Пешбурди Кадастри об дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Зарафшон барои солҳои 2012-2016” (ахбороти Ёқубов С. КВ “ЭКГҚ”)
7. Ҳисоботи “Азнавҳисобкунии захираҳои ангиштсанги қитъаи Кафтархона” дар ҳолати 1.06.2017 (Ахбороти Хуҷаназаров С. КВ “ЭИГП”)
8. Ҳисоботи “Омӯзиши минтақаи сохтмони нақби автомобилгузари Тагикамар” (Ахбороти Нарзуллоев М.А. КВ “ЭГФҶ”)
9. Масъалаҳои гуногун
Котиби ШИТ (+992) 934362668
(+992) 900093834






